peoplepill id: yormakhmad-niyaziy
YN
Russia Tajikistan
5 views today
6 views this week
Yormakhmad Niyaziy

Yormakhmad Niyaziy

The basics

Quick Facts

Work field
Gender
Male
Religion(s):
Place of birth
Tajikistan
Age
50 years
The details (from wikipedia)

Biography

Ёрмаҳмад Ниёзӣ (Ниёзӣ Ёрмаҳмади Бобо; 20 майи 1974, деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод) — олим, омӯзгор, файласуф, арабшинос, номзади илмҳои фалсафа (2010), дотсент (2015).

Зиндагинома

Ёрмаҳмад Ниёзӣ санаи 20 майи соли 1974 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 ба ноҳияи Зафаробод кӯч бастааст. Соли 1991 ба факултети педагогикаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, соли 1999 факултети шарқшиносии ДМТро хатм намудааст. Давоми солҳои 2000—2003 дар риштаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ ба корҳои илмию тадқиқотӣ мағул гардидааст. Ниёзӣ Ё. Б. соли 2010 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад.

Фаъолияти омӯзгорӣ

Дотсент Ниёзӣ Ё. Б. яке аз ташаббускорони кушодашавии кафедраи нав — фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳои 2008—2014 сарварии кафедраи номбурдаро бар уҳда дошт. Аз соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ фаъолият кардааст. Аз санаи 17 марти соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таъин карда шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Муҳимтарин дастоварди Ниёзӣ Ё. Б. ба таърихи фалсафаи тоҷик (фалсафаи калом, фалсафаи тасаввуф, фалсафаи асҳоби ҳаюло ва ҳоказо), фалсафаи Ибни Сино, таснифоти улум дар таърихи фалсафа бахшида шудаанд. Дар ин самт ӯ беш аз 200 монография, китоб, мақола ва фишурдаҳо ба нашр расонидааст.

Ниёзӣ Ё. Б. забонҳои русӣ, арабӣ ва форсиро хуб медонад ва ба ин забонҳо эҷод менамояд.

Сафарҳои хориҷа

Барои омӯзиш ва пажӯҳиши масоили мухталифи фалсафа ва ҷомеа ба кишварҳои Россия, Эрон, Афғонистон ва ғайра сафарҳои илмӣ анҷом додааст.

Осор

  • Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино. — Душанбе, 2008.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо. / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. — Душанбе: Дониш, 2015. — 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
  • Файласуфи зиндагӣ./ Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. — Душанбе: Дониш, 2015. — 84 с.
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Yormakhmad Niyaziy is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Yormakhmad Niyaziy
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes