Saidali Gulov
Quick Facts
Biography
Саидалӣ Гулов (Гулов Саидалӣ Маъмурович; зод. 19 августи 1954, ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1986), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
Хатмкардаи шуъбаи биология ва химияи факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи Институти давлатии педагогии Душанбе (1976). Ходими илмии Институти физиология ва биофизикаи рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1976—1990), муовини декани факултаи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, дотсент (1990—1994), мудири кафедраи меваю сабзавот ва токдорӣ (1994-97), декани факултаи агробизнес (1997—2002), ноиби ректор оид ба таълим (2002—2009), профессори кафедраи боғдорӣ (аз 2009) ва ҳамзамон (аз 2012) декани факултаи агробизнеси ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур.
Пашӯҳишҳои илмӣ
Дар водии Ҳисор дар бораи парвариши рустаниҳои ситрусӣ таҷрибаҳо анҷом дода, роҳу усулҳои нави парвариши онҳоро пешниҳод кард. Натиҷаи пажӯҳишҳои Саидалӣ Гулов дар хоҷагиҳои ситруспарварии ҷумҳурӣ татбиқ гаштааст. Таҳти роҳбарии Саидалӣ Гулов 5 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Зиёда аз 170 таълифи илмӣ дорад.
Ҷоизаву унвонҳо
Бо ордени «Дӯстӣ» дар соли 2001 қадрдонӣ шудааст.
Осор
- Боғдории субтропикӣ. Д., 1998;
- Мевапарварӣ. Д., 2007;
- Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008;
- Технологияи парвариши хурмои шарқӣ. Д., 2005;
- Технологияи парвариши анор. Д., 2009;
- Бунёд ва нигоҳбини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010;
- Асосҳои илмии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар Тоҷикистон. Д.,2010;
- Ситруспарварӣ. Д., 2010;
- Боғпарварӣ. Д., 2015.
Эзоҳ
Сарчашма
- Гулов Саидалӣ Маъмурович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.