Haydarov Muhammadiyor
Quick Facts
Biography
Муҳаммадёр Маҳмадумарович Ҳайдаров (9 июли соли 1980, ноҳияи Шаҳринав) – номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
Муҳаммадёр Ҳайдаров 9 июли соли 1980 дар деҳаи Турбақалъа 4 (ҳоло Ваҳдат)-и ноҳияи Шаҳринав таваллуд шуда, соли 1997 мактаби миёна, соли 2001 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-ҳуҷҷатнигор аз рӯйи шакли таҳсили бакалавр ва соли 2003 ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикро аз рӯйи шакли таҳсили магистр хатм карда, солҳои 2004-2008 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ таҳсил намудааст. Ӯ рисолаи номзадиашро соли 2015 дар зери роҳбарии профессор Ҳ. Маҷидов бо унвони «Калимаҳои услуби баланд дар забони адабии муосири тоҷик» ҳимоя кардааст. Соли 2017 барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи омӯзгорӣ бо “Ифтихорнома”- и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2019 бо “Ифтихорнома”-и вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2004 – 2007 танзимгари Маркази забони адабии муосири тоҷик (МЗАМТ)-и ДМТ ва баъд вазифаи ҳамоҳангсози Маркази омӯзиши забонҳо ва тарҷума; соли 2016 раиси Шӯрои кураторони факултети филология; аз соли 2017 муовини декан оид ба тарбияи факултети филолигияи ДМТ мебошад.