peoplepill id: fajzi-zikrijoev
FZ
Tajikistan
7 views today
12 views this week
Fajzi Zikrijoev
Tajik scientist

Fajzi Zikrijoev

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik scientist
Work field
Birth
Place of birth
Mastchoh District, Tajikistan
Age
88 years
The details (from wikipedia)

Biography

Файзи Боқиевич Зикриёев  — (7 апрели соли 1937 ноҳияи Мастчоҳ, Вилояти Суғд), муаррих, доктори илмҳои таърих (1988, Москва), профессор (1991, Москва), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997)

Зиндагинома

Файзи Зикриёев 7 апрели соли 1937 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1959). Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1963—1966). Зикриёев Ф. солҳои 1959 −1964 муаллим, муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, 1967—1975 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ — и ДДТ. Аз солҳои 1976—2008 мудири кафедраи таърихи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, аз соли 2008 то ҳол профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.


Фаъолияти илмӣ

Муаллифи зиёда аз 240 монография, брошюра, мақолаҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва методӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ 7 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.

Осор

  • Баҳри ҳаёти осоишта. — Душанбе, 1970. — 104 с.;
  • Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза барои прогресси техникӣ. — Душанбе, 1971—270 с.;
  • Комсомоли Тоҷикистон. — Душанбе: Ирфон, 1985. — 192с.;
  • Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XXI. — Душанбе, 2008. — 320 с. (Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва М. Зикриёева);
  • Таърихи халқи тоҷик дар асри XX ва ибтидои асри XXI. Душанбе, 2009. — 322 с.;
  • Таърихи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2010. — 104 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик, китоби дарсӣ барои синфӣ 9. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001. — 128 с.;
  • Дастури таълимӣ-методӣ барои омӯхтани таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2005. — 280 с.;
  • Олим, устод, ходими ҷамъиятӣ. — Душанбе: Сино. — 104 с;
  • Таърихи халқи тоҷик. (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ) — Душанбе: Сарпараст, 2001. — 240 с.(Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева).;
  • Таърихи халқи тоҷик барои синфи 11. — Душанбе: Собириён, 2006, 2011—192 с.(Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева).;
  • Таърихи Ватан. — Душанбе: Сино, 2012—364 с. (Бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва М. Зикриёева) ва ғ.

Ҷоизаҳо

  • Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон,
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997)

Эзоҳ

Сарчашма

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008. — C.107;
  • Муҳаққиқи таърихи Ватан. — Душанбе: Собириён, 2007. — 112 с.
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Fajzi Zikrijoev is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Fajzi Zikrijoev
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes