peoplepill id: domla-halim
DH
Uzbekistan
2 views today
2 views this week
Domla halim
Uzbek singer

Domla halim

The basics

Quick Facts

Intro
Uzbek singer
Work field
Gender
Male
Birth
Place of birth
Bukhara, Uzbekistan
Death
Place of death
Tashkent, Tashkent State
Age
62 years
Instruments:
The details (from wikipedia)

Biography

Домулло Ҳалим (Ҳалим Ибодов, с.тав. 1878, Бухоро, с. ваф.1940) — сароянда, мутриб, мақомдону суннатбардори анъаноти иҷроии устодонаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Ӯзбекистон (1931). Дар оилаи косиб ба дунё омада, мусиқӣ, эҷодиёти бадеиро (шеър, фолклори мусиқӣ) аз падараш меомӯзад. Аз овони ҷавонӣ ба омузишу фарогирии мусиқии халқию классикӣ машғул шуда, аз донандагони созу овози Бухоро санъати сознавозӣ (танбӯр, доира), сарояндагиро ӣиддан меомӯзад. Домулло Ҳалим дар фаҳмишу ҳифзи шеър ҳам истеъдоди хоса дошта, бо ҳамовозии танбӯру доира қисм, шохаҳои мураккаби мақомҳоро бо сабки хоси ӣроқ анҷом медод, махсусан "Уфар", "Тарона", "Савт"-ро ба маҳорати баланди иӣроқ ба субут мерасонид. Нозукиҳои сознавозӣ, овозхониро аз Устод Шарафхони Танбӯрӣ меомӯзад. Сипас аз устодони мусиқӣ Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдурраҳмони Танбӯрӣ дарси маҳорат меандӯзад. Қисм, шохаҳои созию овозии "Шашмақом", қавонини бадеии шеърро назди Ҳоҷӣ Камол, Ҳоҷӣ Наӣим, Устод Эргаши Чаппахон, Устод Тӯла омӯхта, дарсинни 10-солагӣ ба сифати иӣрокунандаи бомаҳорати қисм, шохаҳои мақом машҳур мешавад. Фаъолияти иҷроии Домулло Ҳалим баъди солҳои 1900-1920, сониян охири солҳои 30-ӯм, ибтидои солҳои 40-уми асри 20 нашъунамо ёфта, дар ин давра шохаҳои муҳими овозии мақомҳ-оро ("Савт", "Талқин") комилан аз худ намуда, бо маҳорати баланду вусъатафзодар ҳаёти мусиқии он давра равиши хоси иҷроиро рӯи саҳна меоварад. Соли 1923 ӯ бо ҳамроҳим устодони мусиққ дар намоишгоҳии умуми Россияии Хоҷагии халқ дар Москва бо барномаи хосаи мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби мусиқидонони рус ба маҳорати иӣроиаш баҳои баланд гирифт. Фаъолияти иҷроию эҷодии Домулло Ҳалим бо кори омӯзишиаш дар мактаби мусиқии Шарқи Бухоро идома ёфта, сарояндагону, навозандагони ҷавон, Мухтор Ашрафӣ, М. Бурҳонов, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Х. Изомов ва дигарон аз ӯ асосҳои мусиқии устодонаро меомӯзанд Домулло Ҳалим фаъолияти омӯзишию иӣрои-яшро солҳои 1928-1931 дар Институти мусиқӣ ва хореографияи Самарқанд идома дода, бо ҳамкории мусиқидон-мардумшиносони рус Н.Н. Миронов, В. Успенский, Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдулғанизода, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдурраҳмон, Содирхон, Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммадов ва диг. дар тарбияи насли нави ромишгарон, гирдоварию сабти осори мусиқии классикқ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Дар ин солҳо Домулло Ҳалим дар ҳамовозии созҳои миллӣ (танбӯр) шохаҳои овозии "Шашмақом"-ро ба громофон (қарта) сабт менамояд, ки дар ҳаёти мусиқӣ падидаи бузурги фарҳангӣ буд. Аз с.1931 то охири умраш Домулло Ҳалим дар Кумитаи давлатии радиошунавонии РСС Ӯзбекистон кор ва эҷод намуда, муҳимтарин шохаҳои овозии "Шашмақом": "Қашқарчаи Муғулчаи Сегоҳ", "Сарвиноз", "Савти Сарвиноз", "Ироқ", "Ироқи Бухоро", "Муғулчаи Дугоҳ", "Насруллоҳқ", "Бебокча", "Қашқарчаи Ушшоқ", "Соқиномаи Ироқи Бухоро", "Муҳайяр", "Наврӯзи Сабо", ва ғ. ро бо маҳорати баланди ичроӣ анҷом медиҳад. Истеъдод, сабки иҷроии устодонаи ӯ дар ӣараёни талқини шохаҳои овозии мақомҳо истифода намудани авӣҳои мураккаб (махсусан "савт"-ҳо) дастёб шудааст. Дар доираи ҳунарӣ ӯро ба нишони эҳтиром "Домулло ҳалими Савтӣ" ном мебурданд. Маҳорати ичроии ӯ то охири умр тағйир наёфта дар ҷараёни иҷро аз авҷҳои мураккаби ("Авҷи турк") овозхонӣ истифода мекардааст. Намунаҳои баргузидаи асарҳои иҷронамудаи Домулло Ҳалим тавассути сафҳаҳои громофонӣ (қарта) чандин бор дар студияҳои сабти овозии Москва, Тошканд нашр шудаанд. Сарояндагони ҷавон ба осори ӯ чун намунаи зубдаи ҳунари иҷроӣ муроҷиат намуда сирҳои ниҳонии овозхониро меомӯзанд, дар барномаҳои иҷроияшон истифода мекунанд.

Адабиёт

  • Алимбаева К., Ахмедов М. Народные музыканты Узбекистана, Таш., 1959;
  • Таджикская музыка, Душ., 2003;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. Душ., 1988.

Ҳамчунин нигаред

  • Шашмақом

Сарчашма

  1. Донишномаи Шашмақом./Зеритаҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н.–Душанбе, 2009. -с. 63ISBN 978-99947-49-13-3
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Domla halim is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Domla halim
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes