Davlatmand Kabutov
Quick Facts
Biography
Давлатманд Кабутов (тав. 18.08.1950, ноҳияи Ҳамадонӣ – ваф. 8.01.2011, шаҳри Душанбе) — муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1986), дотсент (1991).
Зиндагинома
Солҳои 1965–1969 донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1969 муаллими синфҳои ибтидоии ноҳияи Фархор, 1969–1970 афсари Артиши Шӯравӣ, 1972–1973 муаллими синфҳои ибтидоии ноҳияи Фархор, 1974–1978 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1978–1979 лаборанти калони кафедраи таърихи ИҶШС, 1979–1983 муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1983–1986 аспиранти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1986 –1987 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ, 1987–1990 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ (таърихи сиёсӣ), 1991–1995 дотсент, мудири кафедраи таърихи сиёсӣ, 1995–1998 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1998–2008 сардори Раёсати Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба мактабҳои касбӣ, 2008 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба таълим кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки масъалаҳои саҳми меҳнаткашони шаҳрро дар рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот дар бар гирифтаанд. Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
- Кошонаи маърифат, Д., 1998;
- Методическое пособие в помощь поступающим в педагогичесие институты, Д., 1991;
- Интернациональное и патриотическое воспитание в студенческих отрядах // В кн.: Формы и методы работы по коммунистическому воспитанию студентов в процессе учебной и внеучебной деятельности, Д., 1983.