peoplepill id: andalib
A
3 views today
3 views this week
The basics

Quick Facts

Work field
Gender
Male
Death
The details (from wikipedia)

Biography

Андалеб (тахаллус, маъниаш булбул, мурғи хушхон), Нурмуҳаммад Ғариб (байни 1660/65, деҳаи Қаромозии ш. Кӯҳнаурганҷи Хева – 1740) — шоири туркман, асосгузори достонсароӣ дар адабиёти туркман.

Зиндагинома

Дар мадрасаҳои шаҳрҳои Хева ва Бухоро таҳсил карда, дар доираҳои адабии ҳамин шаҳрҳо иштирок доштааст. Аз осори боқимондааш бармеояд, ки ӯ адабиёти форс-тоҷик ва адабиёти арабро хуб медонист ва инҳо яке аз сарчашмаҳои эҷодиёти ӯ будаанд. Сарчашмаи дигари илҳоми эҷодии андалеб эҷодиёти даҳанакии халқи туркман, қиссаву ривоятҳо, асотири халқҳои туркзабон мебошад.

Эҷодиёт

Ба қалами андалеб достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо», «Зайну-л-араб», «Саъди Ваққос» ва ғайра тааллуқ доранд. Дар достони «Оғузнома» таърихи қабилаи оғузҳо ва лашкаркашиҳои сарварони қабила тасвир шудааст. Достони «Насимӣ» аз саргузашти фоҷиабори шоири асри 14 Насимӣ, ки ба дасти ҳокимони давраш кушта шуда буд, ҳикоят мекунад. Андалеб дар навъҳо ва шаклҳои шеъри маъмул дар адабиёти форс-тоҷик – ғазал, рубоӣ, мухаммас ва ғайра низ асарҳо офаридааст. Дар эҷодиёти андалеб таъсири шоирону мутафаккирон Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ба назар мерасад. Ба ғазалҳои баъзе аз онҳо андалеб мухамас бастааст. Масалан, як мухаммаси ба форсӣ гуфтаи андалеб бар ғазали Сайидои Насафӣ чуни наст:

Некхӯе омаду чун лола доғам карду рафт,
Оташи ҳиҷрони ӯ тороҷи боғам кардурафт.
Бӯи навмедӣ фироқаш дар димоғам карду рафт,
Он ки лабрез аз висолам дошт, доғам карду рафт,
Шарбати доғи ҷудоӣ дар аёғам карду рафт.

Андалеб дар ғанӣ гардондани балоғат ва фасоҳати забону адабиёти туркманӣ ва тарбияи мардум дар рӯҳияи ватандӯстӣ хидмати арзанда кардааст. Шеърҳову достонҳои андалеб, махсусан «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» маъруфу машҳуранд. Дар асоси онҳо асарҳои саҳнавӣ офарида шудаанд.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Андалеб, Нурмуҳаммад Ғариб / Ф. Бобоев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Andalib is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Andalib
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes