Alisher Yorboboev
Quick Facts
Biography
Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев (Тав. 07.01.1951, ш. Панҷакент), иқтисоддон, ходими давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев факултаи иқтисоди УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1971). Баъди адои хизмати ҳарбӣ, корманди Вазорати хизмати маишии Тоҷикистон (1973-1978), аввалин роҳбари Хадамоти шуғли аҳолии ҶТ (1985-93), сохторҳои гуногуни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ (1978-1985), муовин, муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (1993-2003) кор кардааст. Узви вобастаи Акададемияи Байналмилалии Иттилоот (1996). Соли 2003 узви Хазинаи маърифати Аврупо интихоб шудааст. Аз соли 1994 – раиси Хазинаи ҷум.-явии хайрияи «Ятимон». Дар баргардонидани гурезагони тоҷик ба ҷойҳои муқимӣ ва ҷойгиронии онҳо фаъолона иштирок намудааст (1993-1997). Дар таҳияи як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва Барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои гуногуни меҳнат, маълумоти касбӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат варзидааст. Бо роҳбарии ӯ қисми «Меҳнат»-и Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ барои с. 2001-2005 таҳия шудааст. С. 1996-1998 аз ҷумлаи таҳиягарони «Ҳисоботи рушди инсон» буд, ки аз тарафи Барномаи рушди СММ омода шудааст. С. 2005 ҳамчун эксперти лоиҳаи Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JAСА) дар муайян намудани имконоти Ҳукумати ҶТ оид ба идораи ҷараёни тараққиёт фаъолият намудааст. Cолҳои 2005-2007 узви гурӯҳи кории Президенти ҶТ оид ба таҳияи Стратегияи ягонаи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии ҶТ, Стратегияи миллии рушд барои с. 2007-2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои с. 2007-2009 ва мушовири Бонки Ҷаҳонӣ буд. Аз с. 2007 – сардори шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.
Эзоҳ
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6