Abduali Abdumannonov
Quick Facts
Biography
Абдуали Абдуманнонов - олим,физик, доктори илмҳои физикаю математика (2002), профессор (2002). Аълочии маорифи ҶТ (2003).
Зиндагинома
Абдуали Абдуманнонов факултаи физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1975). Лаборант (1973-75), муаллими кафедраи физикаи умумии ДДОЛ (1975), муҳаққиқ-коромуз, аспиранти ПФТ ба номи А.Ф.Иоффеи АУ ИҶШС (1975-80), муаллим (1980-84), дотсенти кафедраи физикаи умуми ва ҷисмҳоиои сахт (1984-92), ноиби декан доир ба кори илмии факултаи физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1982-92), дотсент (1994-2002), профессор (2002), мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳоисахти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2003). Дар давоми фаъолияташ дар таҳкими гузориши корҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факулта саҳми назаррас гузоштааст. Таҳти рохбарии А. солҳои 1984, 1985, 2005, 2006, 2007 донишҷӯёни факулта дар озмунхои ҷумҳурияви аз физика ҷойҳои аввалро ишгол кардаанд. Абдуманноноввазифаи рохбарии тими физикҳои Тоҷикистонро дар озмунҳои умумииттифокии донишҷӯён (Рига,1985) ва (Вилнюс,1986) ба зимма дошт. Абдуманноновсолҳои 1992-94 ба вазифаи корманди калони илмӣ гузашта, дар лабораторияи физикаи мустахкамии материалхои таркибии ПФТ ба номи А.Ф.Иоффе АУ Русия (ш.С-Петербург) корхои илмӣи худро идома додааст. Соли 2002 дар пажӯҳишгоҳи номбурда рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Абдуманнонов дар инкишофи назарияи физикаи вайроншавии материалхои таркиби сахми калон дорад. Механизми релаксатсионии таъсири мутакобилаи нуксонхоро дар раванди вайроншавии ҷисмҳоиои гетерогени дар тачриба ошкор ва асоснок кардааст. Муаллифи зиёда аз 120 асари илмӣ ва китобу дастурхо мебошад. Мақолахои илмӣи Абдуманнонов дар мачалахои илмӣи Русия, ИМА, Чопон, Полша, Латвия, Тоҷикистон нашр шудаанд. Иштироккунандаи якчанд конфронс ва хамоишхои байналхалқи (Маскав, 1978; Нара (Чопон),1996; Ленинград, 1977-1985; Рига, 1983; Новокузнетск, 1989; Каменетск-Подолск (Украина), 1985; Новгород, 1994; Душанбе, 1986, 1993; Хуҷанд, 1990, 2002;) мебошад. Таҳти рохбарии Абдуманнонов якчанд унвончуйхо рисолахои номзади ҳимоя кардаанд. Олими соли ДДХ (2006).
Осори илмӣ
- Корҳои лабораторӣ аз физика (электромагнетизм). - Ленинабад: ООП Ленинабадоблмашинформ, 1987, 1991;
- Практикуми лабораторӣ аз электрик. - Д.: Амри илм, 1998;
- Намунаи халли масъалаҳо аз физика (механика). - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004;
- Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физика (ходисахои харорати ва электрики). - Хуҷанд: Нури маърифат, 2005;
- Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физика (электромагнетизм, оптика, физикаи атом ва ядро). - Хуҷанд: Ношир, 2005;
- Маълумотнома аз физика (қисми 1). - Хуҷанд: Ношир, 2005;
- Афканишоти радиатсионӣ ва ҳаёт. - Хуҷанд: Ношир, 2006;
- Физика ва химияи полимерҳо. - Спитамен: Нашр. давл. ба номи Р.Ҷалил, 2006;
- Асосҳои физикаи атом. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2005;
- Асосҳои физикаи ядро. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2006.