peoplepill id: nosir-salimov
NS
Tajikistan
1 views today
1 views this week
Nosir Salimov
Tajik scientist

Nosir Salimov

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik scientist
A.K.A.
Yusufzoda Nosirjon Salimi
Work field
Gender
Male
Star sign
SagittariusSagittarius
Birth
3 December 1960, Khujand, Tajikistan
Age
63 years
The details (from wikipedia)

Biography

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ –олим,доктори илмҳои филология (2002), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008).

Зиндагинома

Салимов Носир Юсупович, 3 декабри соли 1960, дар шаҳри Хуҷандба дунё омадааст. Соли1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба ҳайси лабарант,муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт.

  • Солҳои 1988-1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ»,
  • Солҳои 1990-1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон,
  • Аз соли 1992 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999), ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999-2001) фаъолияти доштааст,
  • Соли 1999 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуд,
  • Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2001 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 10 январи соли 2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, соли 2012 ба вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
  • Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин шудааст.
  • Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон (аз 5.02.2019 то 25.10.2020)
  • Узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон-2020 аз 25 октябри соли 2019

Иштирок дар интихобот

  • Соли 2002 ва 2005 - вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдва соли 2010 - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст,
  • Моҳи марти соли 2005 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Соли 1990 - рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 - рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2004 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1991 ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ноил гардида, соли 1999 барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати вилояти Суғд мушарраф шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои:

  • Маърифати бадеии таърих. - Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.,
  • Мероси Оли Сомон. - Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.,
  • Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX-XIII). - Хуҷанд, 2002, 25 ҷ.ҷ.

Беш аз 100 мақолаи илмӣ - омавӣ нашр намудааст.Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла:

  • Хазору як шаб. Ҷилдҳои 1-2. - Душанбе:Адиб», 1992,
  • Сомониён дар оинаи таърих. Ҷилдҳои 1-2. - Хуҷанд, 1998,
  • «Сафарнома»-и Носири Хусрав,
  • «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт.

Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои

  • Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. - Душанбе:Ирфон, 1998
  • Ҳикояҳои А.П.Чехов.- Душанбе, 1991 тарҷума кардааст.

Мукофот

  • Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти Суғд
  • Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст.

Пайвандҳои беруна

The contents of this page are sourced from Wikipedia article on 26 Mar 2020. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Nosir Salimov is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Reference sources
References
Nosir Salimov
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes