peoplepill id: kamil-bekzade
KB
Tajikistan Russia
1 views today
1 views this week
Kamil Bekzade
Tajik scientist

Kamil Bekzade

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik scientist
Work field
Gender
Male
Place of birth
Vanj District
Age
79 years
The details (from wikipedia)

Biography

Комил Бекзода — олим, шарқшинос, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1988), асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии «Ҷаҳони андеша» (1993).

Зиндагинома

Комил Бекзода 9 январи соли 1945 дар яке аз деҳаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омӯзгор ва рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1962—1967 дар шуъбаи арабии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1967—1973 дар риштаи аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба омӯзиши фалсафа пардохтааст. Аз соли 2014 то ин ҷониб ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Комил Бекзода давоми солҳои 1973—1988 дар бахши таърихи фалсафаи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмиӣ фаъолият намудааст. Соли 1988 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ғаффор Ашӯров дар мавзӯи «Муҳаммад Шаҳристонӣ — муаррихи фалсафа ва дин (асри XII)» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони илмии номзади илмҳои фалсафа гардидааст.

Сафарҳои хориҷа

— Дар давоми солҳои 1965—1966, дар Университети давлатии Миср дар шаҳри Қоҳира таҳсили илм намудааст, ки ҳадаф аз ин сафар омӯзиши забони арабӣ буд.

— Дар тӯли солиёни 1969—1970 дар шаҳри Ҳудайдаи Ҷумҳурии Ямани Араб (Ямани Шимолӣ) ба сифати тарҷумони забонҳои русӣ — арабӣ кор кардааст. Қисмати асосии кор ба кишоварзӣ дахл дошт.

— Дар муддати солиёни 1976—1979 дар шаҳрҳои Адан ва Мукаллои Ҷумҳурии халқӣ-демократии Яман (Ямани Ҷанубӣ) чун тарҷумони забонҳои русӣ — арабӣ фаъолият намудааст.

— Солҳои 1996 ва 2003 ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар намудааст.

Осори илмӣ-тадқиқотӣ

  • Мухаммад Шахристони — историк философии. — Душанбе: «Дониш», 1987. — 200 с.
  • Паёмбарони фарҳанги мо. Ҷилди аввал. — Душанбе: Нодир, 2000. — 124 с.
  • Гурез аз Хайём. — Душанбе: Нодир, 2000. — 136 с.
  • Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. — Душанбе: «Дониш», 2012. — 464 с.
  • Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ. — Душанбе: «Дониш», 2012. — 652 с. ISBN 978-99975-44-64-3
  • Шуубия: диссиденты средневекового ислама. — Душанбе: «Дониш», 2017. — 400 с. ISBN 978-99975-55-32-8

Эзоҳ

Сарчашма

  • Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо. / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. — Душанбе: Дониш, 2015. — 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
  • Файласуфи зиндагӣ / Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. — Душанбе: Дониш, 2015. — 84 с.

Боз нигаред

The contents of this page are sourced from Wikipedia article on 23 Aug 2019. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Kamil Bekzade is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Reference sources
References
Kamil Bekzade
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes