Yevgeniya Rogulina
Quick Facts
Biography
Евгения Ивановна Рогулина (24 декабр 1906, Самара — 25 май 1984, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1962), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1969).
Зиндагинома
Техникуми ҳунари синамои шаҳри Ленинградро (1928) хатм намуда, дар киностудияи «Межрабпомфилм» нақшҳо бозидааст. Солҳои 1938—1952 актрисаи Театри драмаи русии ба номи А. Пушкин ш. Ашқобод буд. Аз соли 1952 дар Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский кор кардааст. Дар бисёр спектаклҳо, амсоли «Фоҷиаи оптимистӣ», «Мария Трюдор», «Модарандар», «Мария стюарт», «Мартурано», «Андарзи Пани Дулская», «Соати бурҷи Кремл», «Падаратро эҳтиром намо», «Валентин ва Валентина», «Хатои Анна», «Раиси сездаҳум» симоҳои воқеию самимӣ офаридааст. «Модари фарзандони худ», «Навои варшавагӣ» ва чанд намоишномаи дигарро таҳия намудааст.
Ҷоизаҳо
Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
Адабиёт
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.