Umar Ziyaev
Quick Facts
Biography
Умар Зиёев (Зиёев Умар Хайруллоевич; 28 феврал 1951, ноҳияи Орҷонкидзеобод, вилояти Сталинобод — 17 март 2024, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).
Зиндагинома
Умар Зиёев 28 феврали соли 1951 дар ноҳияи Орҷонкизеобод ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети механикаи Институти политехникии Точикистонро хатм кардааст. Дар солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли «Орбита»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод ва дар ансамбли донишкада суруд мехонд. Баъди хатми донишкада ба зодгоҳаш баргашта, дар яке аз корхонахо ҳамчун муҳандис ба кор даромад.
Дар солҳои 1973—1993 овозхони ансамбл ва солҳои 1993—2000 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Гулшан» буд. Соли 2000 дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо дастгирии вазир Ҳумдин Шарифов таъсис дод ва то соли 2013 роҳбари бадеии ин ансамбл буд. Соли 2013 Умар Зиёев бо рутбаи полковники милитсия бознишаста шуд.
Сурудаҳо
Барномаҳои консертии Умар Зиёев асосан аз сурудҳои тоҷикӣ (эстрадӣ, классикӣ ва халқӣ), инчунин русӣ, озарӣ, афғонӣ, эронӣ, укройнӣ, беларусӣ, гурҷӣ ва ғайра иборат аст. Сурудҳои «Кишвари маҳбуб» (1982, оҳанги П. Булбул-ӯғлӣ), «Малика» (1978, оҳанги Г. Александров), «Сад раҳ дар интизорат» (1990, шеър ва оҳанги эронӣ) дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС сурудҳои беҳтарини сол дониста шудаанд.
Умар Зиёев сурудҳои «Тоҷикистон тӯй дорад», «Суруди тантанавии милитсия», «Ҷашни фирӯз», «Ҷони ширин» ва ғайраро бо маҳорати баланд ва лаҳни хуш сароидааст.
Сафарҳои ҳунарӣ
Дар саҳнаҳои Маскав ҳунарнамоӣ ва дар ҳайати ансамбли «Гулшан» ба аксар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла Олмон, Лаҳистон, Афғонистон, Фаронса ва ғайра сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Даргузашт
Умар Зиёев 17 марти 2024 дар шаҳри Душанбе дар 73-солагӣ даргузашт.
Унвону ҷоизаҳо
Умар Зиёев бо унвонҳои Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003) қадр шудааст.
Эзоҳ
Адабиёт
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3. Д., 2004