peoplepill id: umar-ziyaev
UZ
Tajikistan
1 views today
1 views this week
Umar Ziyaev
Tajik singer

Umar Ziyaev

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik singer
Work field
Gender
Male
Place of birth
Vahdat District, Districts under Central Government Jurisdiction, Tajik Soviet Socialist Republic, Tajikistan
Place of death
Dushanbe, Tajik Soviet Socialist Republic, Soviet Union, Tajikistan
Age
73 years
Education
Tajik Technical University
Dushanbe, Tajik Soviet Socialist Republic, Tajikistan
(-1971)
Awards
Merited Artist of the Tajik SSR
(1989)
People's Artist of Uzbekistan
(2003)
The details (from wikipedia)

Biography

Умар Зиёев (Зиёев Умар Хайруллоевич; 28 феврал 1951, ноҳияи Орҷонкидзеобод, вилояти Сталинобод17 март 2024, Душанбе) — овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).

Зиндагинома

Умар Зиёев 28 феврали соли 1951 дар ноҳияи Орҷонкизеобод ба дунё омадааст. Соли 1971 факултети механикаи Институти политехникии Точикистонро хатм кардааст. Дар солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли «Орбита»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод ва дар ансамбли донишкада суруд мехонд. Баъди хатми донишкада ба зодгоҳаш баргашта, дар яке аз корхонахо ҳамчун муҳандис ба кор даромад.

Дар солҳои 1973—1993 овозхони ансамбл ва солҳои 1993—2000 роҳбари бадеии ан­самбли эстрадии «Гулшан» буд. Соли 2000 дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо дастгирии вазир Ҳумдин Шарифов таъсис дод ва то соли 2013 роҳбари бадеии ин ансамбл буд. Соли 2013 Умар Зиёев бо рутбаи полковники милитсия бознишаста шуд.

Сурудаҳо

Бар­но­маҳои консертии Умар Зиёев асосан аз сурудҳои тоҷикӣ (эст­радӣ, классикӣ ва халқӣ), инчунин русӣ, озарӣ, афғонӣ, эронӣ, укройнӣ, беларусӣ, гурҷӣ ва ғайра иборат аст. Сурудҳои «Кишвари маҳбуб» (1982, оҳанги П. Булбул-ӯғлӣ), «Малика» (1978, оҳанги Г. Александров), «Сад раҳ дар интизорат» (1990, шеър ва оҳанги эронӣ) дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС сурудҳои беҳ­тарини сол до­ниста шудаанд.

Умар Зиёев сурудҳои «Тоҷикис­тон тӯй дорад», «Су­руди тантанавии милитсия», «Ҷашни фирӯз», «Ҷони ширин» ва ғайраро бо маҳорати баланд ва лаҳни хуш сароидааст.

Сафарҳои ҳунарӣ

Дар саҳнаҳои Маскав ҳунарнамоӣ ва дар ҳайати ансамбли «Гулшан» ба аксар ҷум­ҳу­ри­ҳои собиқ ИҶШС ва чандин киш­варҳои дунё, аз ҷумла Олмон, Ла­ҳистон, Афғонистон, Фаронса ва ғайра сафарҳои ҳу­нарӣ кардааст.

Даргузашт

Умар Зиёев 17 марти 2024 дар шаҳри Душанбе дар 73-солагӣ даргузашт.

Унвону ҷоизаҳо

Умар Зиёев бо унвонҳои Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1989) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003) қадр шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3. Д., 2004
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Umar Ziyaev is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Umar Ziyaev
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes