peoplepill id: tukhtamish-tukhtaev
TT
Uzbekistan
1 views today
1 views this week
Tukhtamish Tukhtaev

Tukhtamish Tukhtaev

The basics

Quick Facts

Age
69 years
Awards
Order of Friendship of Tajikistan
(2018)
Shukhrat medal
(1997)
The details (from wikipedia)

Biography

Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев Давлатзода; 24 феврали 1955, ноҳияи Сайҳунобод, вилояти Сирдарё, Ӯзбекистон) — шоир, омӯзгор, рӯзноманигор, мутарҷим. Мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Овози тоҷик» — нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон (аз соли 1995) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2010). Соҳиби унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (1997), барандаи медали «Шуҳрат» дар Ӯзбекистон (1996), соҳиби унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2010) ва нишони «Дӯстӣ» (Тоҷикистон, 2018).

Зиндагинома

Тӯхтамиш Тӯхтаев 24 феврали соли 1955 дар дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Шариф Раҳимови ноҳияи Сайҳунобод ба дунё меояд. Зодгоҳи аҷдодии Паймон деҳаи Синтоб (Синтаб) аст. Падари Паймон — Давлат Тӯхтаев дар Синтоб зода шудааст. Ӯ низ дар канори садҳо сокини деҳоти кӯҳистонӣ пас аз итмоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба хотири обод кардани даштҳои бекорхобида бо оилааш ба ноҳияи Верхневолинскийи (ҳоло Сайҳунобод) вилояти Сирдарё нақли макон мекунад.

Падари Паймон дар айёми ҷавонӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзида, соли 1944 пас аз захмӣ шудан дар набардҳои зиддифашистӣ дар Укроин ба диёр бармегардад. Ӯ сараввал дар деҳаҳои ҳамсояи Порашту Ӯхм ва сипас дар Сайҳунобод аз фанҳои ториху ҷуғрофиё дарс гуфта, чархи рӯзгорро бо пешаи омӯзгорӣ мегардонад. Дертар, бо сабаби диққи нафас шудан, моҳи апрели соли 1964 аз Сайҳунобод ба зодгоҳи бобоӣ ба деҳаи Синтоб бармегардад. Аз ин пас Паймони нуҳсола овони бачагии худро дар гузари Козбони деҳаи хушманзари кӯҳӣ таҳти мувозибати падари бузургвораш Давлатака ва модари меҳрубонаш Суратмомо мегузаронад ва таҳсили худро дар мактаби миёнаи зодбуми бобоӣ идома медиҳад.

Паймон соли 1973 бо падар ба Самарқанд рафта, пас аз бомуваффақият супурдани имтиҳонот ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад ва донишкадаро соли 1977 бо дипломи сурх хатм мекунад.

Фаъолияти корӣ

Паймон пас аз хатми донишгоҳ ба назди падару модар баргашта, дар мактабҳои миёнаи деҳоти Моҷарм ва Синтоб аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс медиҳад. Соли 1982, пас аз он ки очерки ӯ таҳти унвони «Панди падар» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба табъ мерасад, аз сӯйи мудирияти рӯзнома ба кор даъват мешавад. Ҳамин тавр, баробари хотима ёфтани соли таҳсили 1981—1982 бо фотиҳаи падар роҳи Тошкандро пеш мегирад ва баъд аз суҳбату шиносоӣ бо сармуҳаррири рӯзнома Шавкат Ниёзов ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз соли 1986 инҷониб мудири бахши фарҳанги «Овози тоҷик» аст. Ӯ хонаводаи обод ва фарзандони солеҳ дорад. завҷаш Идигул, писаронаш Хусраву Манучеҳр, духтараш Муниса ва наберагон ғамхорию меҳрубониҳои худро барояш дареғ намедоранд.

Фаъолияти эҷодӣ

Бо таваҷҷуҳ ба китобҳое, ки ашъори Паймонро фаро мегиранд, муддатзамони эҷодиёти ӯро мешавад ба се марҳила ҷудо кард. Марҳилаи авввали эҷодӣ то соли 1991, яъне то замони чопи китоби «Санги навишта» буда, шеърҳои шоирро дар жанрҳои қитъаю чаҳорпора ва ғазалу рубоию дубайтӣ фаро мегирад. Дар ин давра бо мурури замон такмил ёфтани ҳунари шеъргӯйӣ ва саъю кӯшишҳои шоир дар пайдо кардани роҳи вижаи сухангустарӣ мушоҳида мегардад. Марҳилаи дуюми эҷодӣ мутааллиқ ба солҳои 1991—2000 мебошад, ки дар китоби «Шабовез» ҷамъбаст шудааст. Ин марҳиларо метавон ба унвони давраи ташаккул ва таҳаввули шеър, вусъат ва умқи нигоҳ, тавсиаи доираи мавзӯъофаринӣ, кӯшиши боли парвоз бахшидан ба шеъри асил арзёбӣ кард. Ниҳоят, марҳилаи сеюми эҷодӣ давраи аз соли 2000 ба баъдро фаро мегирад, ки ин марҳилаи камолоти ҳунари шоирӣ, замони таҳаввули сабк, тағйири ҷаҳоншиносӣ, дарёфти мавзӯъ ва масоили мубрами ҳаётӣ мебошад. Ин марҳилаи эҷодӣ дар охирин китоби шоир «Шабоҳанг» ва ашъори парокандае, ки ягон-ягон ҷамъ мешаванд, мунъакис ёфтааст.

Дар осори манзуми Паймон навъи ғаноии шеър ҷойгоҳи хос дорад ва дар жанрҳои мухталиф, ба мисли дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, ғазал, мусаммат, тарҷеот, мустазод ва шеъри нав, тавони килки худро санҷидааст. Шоир дар пайравии шоирони форсу тоҷик хома ронда, дар байни дӯстдорони каломи мавзун бештар бо ғазал ва рубоию дубайтиҳои худ мақбулият дорад. Чунончи, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроев дар китоби худ «Асрори шеъри шоир» (Андар шиносондани Паймон ва осори ӯ. Тошканд: Paradigma, 2017, саҳ.41) овардааст: «Шоир дар пайравӣ ба шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ тавонистааст ба ғазал рӯҳу равони тоза бахшида, ба воситаи он масъалаҳои муҳими рӯзгор — инсонпарварӣ, башардӯстӣ, адлу инсоф, накӯкорӣ, дилёбӣ, ахлоқи ҳамидаи инсониро баён кунад ва ба ин васила диққати муосирону баъдиниёнро ба масъалаҳои созандаи ҳаёти ҷомеа ҷалб созад. Метавон гуфт, ки ғазал дар эҷодиёти ин шоир мавқеи муҳим дошта, ифодагари камолоти ҳунари шоирии ӯст». Аз ин лиҳоз, шоир ояндаи хешро танҳо дар шеър мебинад:

Давоми мост шеъри гуфтаи мо,

Гуҳарҳои ба мижгон суфтаи мо.

Ба боғи ёди ёрон мушк безад,

Хаёли хотири ошуфтаи мо…

Шеър

Қаламиҳои Паймон ҳанӯз дар солҳои донишҷӯйӣ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба дасти хонандагон расидаанд. Дертар маҷмӯаи шеърҳои ӯ дар баёзҳои дастаҷамъии чопшуда дар Душанбе — «Чакомаи пирӯзӣ» (1990), «Чил қалам» (1991), «Боли парвоз» (1991) ва Тошканд — «Каҳкашони орзу», «Гулистони адаб», «Чароғи маърифат», рӯнамоӣ шудаанд. Мухлисони каломи ноби шоир китобҳои ҷудогонаи ашъори ӯро бо асомии «Санги навишта» (Душанбе: Адиб, 1991), «Шабовез» (Тошканд: Ёзувчи, 2000) ва «Шабоҳанг» (Тошканд: Шарқ, 2012) дастрас намудаанд. Ҳоло зиндагинома ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои тоҷикии таҳсили ҳамагонии Ӯзбекистон омӯзонида мешавад.

Тарҷумонӣ

Паймон дар тарҷумаи бадеӣ низ дасти тамом дорад. Ӯ ашъори шоирони классику муосири ӯзбек Алишер Навоӣ, Заҳириддин Бобур, Нодирабегим, Ғафур Ғулом, Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Азим Суюн,Умида Абдуазимова, Фарида Афрӯз ва дигаронро ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин тарҷумаҳое аз шоирони рус дорад.

Манбаъҳои адабӣ

Осори Паймон дар кишварҳои хориҷа, ба вижа, чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Фаронса ба табъ расидааст. Аз ин ҷумла, китобу маҷмӯаҳои буда метавонанд:

  • «Боғи бисёрдарахт» (гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Теҳрон, 2004)
  • «Аз Самарқанди чу қанд» (Гузидаи шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбекистон. Теҳрон, 2005)
  • «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон. Қарни бистум то кунун» (Теҳрон, 2005)
  • «Намунаҳои шеъри Ӯзбекистон» (Порис, 2006)
  • «Форсисароёни Ӯзбекистон» (Теҳрон, 2010)
  • «Шеърборон» (Душанбе, 2016)

Намунаҳо аз ашъор

Забони модарӣ

Ҳарчанд буд душмани бегонаам фузун,
Ҳарчанд хасми обхури ман зиёд буд.
Ҷонсахтии мудоми ту дар гирудорҳо,
Ибрат ба рағми ҷумла маро дар ҷиҳод буд.
Аз он ки ту намурдаӣ, ман низ зиндаам,
Дар қабзаи ҳиҷои ту овардаам паноҳ.
Оре, фақат ту будаӣ дар ҳифзи ҷони ман,
Алҳақ, фақат ту будаӣ манро паноҳгоҳ…
Оваҳ, забони модарии шаҳдрези ман,
Дар даҳр ҳеч ганҷ маро аз ту беш нест.
Андар намози панҷгаҳи ман дуои туст,
З-он рӯ, ки беҳтарам зи ту пайванду хеш нест…
Кам мешавам барои туву кам намешавам,
Ғам мекашам барои туву мекунам ҳузур.
Умрам ҳама фидои камолу фари ту бод,
Ай манбаи сурури ман, ай маншаи ғурур.

Ғазал


Омад бари ман омад, он симбадан имшаб,
То бишканадам тавба, он тавбашикан имшаб.

Шайдову хумор омад, ҷоме ба канор омад,
Гӯйӣ, ба шикор омад, он сайдфикан имшаб.

Бебок бари мо шуд, ҷону ҷигари мо шуд,
Шамъу қамари мо шуд, он ёри ҳасан имшаб.

Биншаст чи мастона, дар баст ба бегона,
Чун маст, чу девона, он ҳури фитан имшаб.

Озодаву зебо буд, аз кишвари рӯъё буд,
То субҳ чӣ гӯё буд, он тӯтисухан имшаб.

Ғамро ҳама барҳам зад, дамро ҳама дарҳам зад,
Дилро ҳама марҳам зад, он норзақан имшаб.

Чун олиҳаи армон, сар то қадами Паймон,
Бинмуд фараҳманд он африштаи ман имшаб.

Рубоӣ ва дубайтӣ

Дар баҳсу талоши мо замон мегузарад,
Чун рӯди равон умри равон мегузарад.
Бар кори замона доман афшону биё,
К-ингуна расидасту чунон мегузарад.
Ин даҳр сириштаи савобу гунаҳ аст,
Яъне ба рухе сафед, рӯе сияҳ аст.
Ҳам манзили ғам, ҳам ошёни фараҳ аст,
Гаҳ дасти кушод, гоҳ мушти гираҳ аст.
Суде набувад баъди гунаҳ оҳ кашем,
Фарёд зи дасти ақли кӯтоҳ кашем.
То гум назанем роҳи ҳақ мебояд,
Ёрон, ёрон, ба сӯйи Ҳақ роҳ кашем.

Мукофоту унвонҳо

Паймон дар тӯли зиндагии худ ҳар гуна кору вазифаро аз сидқи дил ва эҷодкорона бо саъю талоши фавқулода баланд анҷом додааст. Ин фидокориҳо буда, ки пайи ҳам ба чунин муваффақиятҳо ноил мегардад: соли 1985 — шомил шудан ба узвияти Иттиҳоди журналистони иттиҳоди Шӯравии собиқ; соли 1995 — пазируфта шудан ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон; соли 1996 — дарёфти унвони «Журналисти беҳтарини сол» ва медали «Шуҳрат» (дар Ӯзбекистон); соли 1997 — гирифтани унвони ифтихории «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон»; соли 2010 — пазируфта шудан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сазовор шудан ба унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»; соли 2018 — муфтахар шудан ба нишони «Дӯстӣ» аз сӯйи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Адабиёт

  • Тӯйназар, Б. Мурғи ҳақгӯйи Паймон: эссе / «Овози тоҷик», 26.04.2000.
  • Ҳамроев, Ҷ. Раҳшиноси қадамгоҳи шеър: мақола / «Овози тоҷик», 18.12.2002.
  • Олимов, С. Шеъри имрӯзи форсӣ дар Ӯзбекистон: мақола / «Овози тоҷик», 28.08.2004.
  • Тӯйназар, Б. Дар олами шеър саргардон аст: мақола / «Овози тоҷик», 23.02.2005.
  • Умруллоев, Х. Аз лутфи шеъри Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 10.11.2007.
  • Ҳасанзод, А. Идомагари суннати ниёгон: мақола / «Ховар», 01.02 −15.02. 2009.
  • Маҳмуд, Ф. Дар чаман дӯш сабо бӯйи ту савдо мекард: мақола / «Овози тоҷик», 25.02.2009.
  • Тӯйназар, Б. Табъи худодод: мақола / «Овози тоҷик», 22.09.2012.
  • Қурбоналиева, М. Паймон — шоири замон: мақола / «Ховар», 16.04 −13.04.2013.
  • Қӯзиев, Д. Вохӯрии хотирмон: мақола / «Овози тоҷик», 22.05.2013.
  • Боқӣ, Т. Дар сина баҳори пойдоре дорад: мақола / «Овози Самарқанд», 18.02.2015.
  • Боқӣ, Т. Чакидаҳо аз рӯзгори Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 21.02.2015.
  • Раҳмон, Ӯ. Зодгоҳ — ватан андар ватан: мақола / «Овози тоҷик», 17.06.2015.
  • Маҳмуд, Ф. Роҷеъ ба сӯгномаи Паймон: мақола / «Овози тоҷик», 01.07 — 15.07.2015.
  • Ҳамроев, Ҷ. Асрори шеъри шоир: китоби илмӣ-пажӯҳишӣ андар шиносондани Паймон ва осори ӯ/ Тошканд: Paradigma, 2017.

Пайвандҳо

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Tukhtamish Tukhtaev is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Tukhtamish Tukhtaev
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes