Tahir Tajibaev
Quick Facts
Biography
Тоҳир Тоҷибоев (7 апрел 1909, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон — 16 январ 1978, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони шӯравии тоҷик, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1943), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964).
Корнома
Соли 1930 ба театри назди Шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) дохил шуд. Яке аз асосгузорони ин театр ба шумор меравад. Сипас солҳои 1945—1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омада чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард
Солҳои 1955—1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод кор мекунад. Вай дар иҷрои нақшҳои Тоҳир («Тоҳир ва Зӯҳро»-и С. Абдулло), Неъмат («Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ) ва бисёр нақшҳои дигар маҳорати баланди актёриашро зоҳир намудааст.
Тоҷибоев ба ҳамчун коргардон пйесаҳои «Нурхон»-и К. Яшин, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.
Ҷоизаву медалҳо
Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат» қадр гардидааст.
Эзоҳ
Адабиёт
- Тоҷибоев Тоҳир / Ҳ. Аскар // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.