peoplepill id: rustam-rahmatzoda
RR
1 views today
1 views this week
Rustam Rahmatzoda

Rustam Rahmatzoda

The basics

Quick Facts

Gender
Male
The details (from wikipedia)

Biography

Рустам Раҳматович Раҳматзода (Қудратов)  — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI

Зиндагинома

Қудратов Рустам Раҳматович 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии комплекси агросаноатӣ» хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1984 ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз намудааст. Аз соли 1985 то соли 1988 аспирант, солҳои 1989—1994 асисстенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Аз соли 1994 то соли 2002 дар вазифаи декани факултаи фермерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 2002—2007 ба сифати директори «Маркази миллии таълимии кишоварзӣ» — и Маркази дастгирии хусусигардонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 инҷониб директори «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» — и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст. Зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, 5 монография таълиф намуда, беш аз 13 нафар докторону номзадҳои илми иқтисодро тайёр намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад. 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

Нигаред низ

  • Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Rustam Rahmatzoda is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Rustam Rahmatzoda
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes