Orhan Biyikli
Quick Facts
Biography
Орҳан Бийиклӣ (тур. Orhan Bıyıklı; тав. 26 октябр 1985, Измит, Коҷаелӣ, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турк. Ӯ бештар дар силсилафилмҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Орҳан солҳои аввали фаъолияти худ дар нақшҳои хурд иштирок намудааст.
Ӯро дар Тоҷикистон иҷрои нақши Йигит дар силсилафилми бисёрсериягии Ҳомиён (тур. Kollama 2008—2011) муаррифӣ намуд, ки пас аз хотимаи филми мазкур ӯ бо дигар қаҳрамонҳои сериол: Айчин Туйюн, Меҳмет Озгур, Эртан Килич ва Усмон Кот, соли 2011 ба Душанбе сафар намуданд. Ӯро дар Тоҷикистон бо номи қаҳрамони филм Йигит мешиносанд.
Зиндагинома
Орҳан Бийиклӣ 26 октябри соли 1985 дар Измит таваллуд шудааст. Номи падари ӯ Азиз Бийиклӣ мебошад. Онҳо дар оила 7 бародар мебошанд. Ӯ мактаби миёнаи Намик Камолро хатм намудааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ӯ ба ҳунару театр завқ пайдо намуда, дар театри мактаб кор кардааст. Пас аз хатми мактаб ӯ дар театрҳои шаҳри Коҷаелӣ фаъолияти хешро оғоз кард. Орҳан дар Консерваторияи миллии Донишгоҳи Истанбул.
Фаъолият
Орҳан фаъолияти ҳунарияшро дар силсилафилмҳо дар нақшҳои хурд оғоз намудааст.
Соли 2002 ӯ дар силсилафилми телевизионии коргардон Тонер Тунч «Дунёи асрор», нақши хурдакакеро бозидааст. Солҳои 2003—2007 ӯ нақшҳои хурдро иҷро мекард, ки соли 2007 ӯро ба силсилафилми 134 қисмаи шабакаи Samanyolu TV, «Ҳомиён» (Kollama), дар нақши асосии Йигит даъват намуданд. Қаҳрамони ӯ Йигит саркомисари шуъбаи полис тасвир мекунад, ӯ хело ҷасуру нотарс буда барои ҳифзи Ватан саъйу кӯшиш мекунад. Ин силсилафилм дар Осиёи Миёна махсусан дар Тоҷикистон хело машҳур шуд. Дар силсилафилм инчунин ҳунарпешаҳо Меҳмет Озтурк, Ашраф Колчак, Алӣ Башар, Айчин Туйюн, Эртан Килич ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд.
Соли 2012 низ бо чунин хислат дар силсилафилми «Садоқат» нақши Орифро бозидааст.
Ӯ 8 июли соли 2017 раиси лигаи якуми ҳаводорони «Bağdatspor» дар Измит интихоб шуд.
Ҳаёти шахсӣ
Орҳан бо Бурҷу Бийиклӣ оиладор буда, соҳиби духтаре мебошанд. Ӯ дар маркази Коҷаелӣ дукони қаннодӣ дорад.
Нақшҳои театрӣ
- Temizlik İşleri, 2015
- Kim Geldi Biliyorum, 2011
- Macbeth
- Cimri
- Gözlerimi Kaparım Vazifemi Yaparım
- Bahar Noktası
- Köprüden Görünüş
- Ay Işığında Şamata
Филмнома
Силсилафилм | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2018 | Gökyüzümü Çaldilar | Нақши асосӣ | |
2014 | Küçük Gelin | ||
2014 | Водии гургон: Дом (Kurtlar Vadisi Pusu) | Мавсими 8 | |
2012-2015 | Садоқат (Ekip 1:Nizama Adanmis Ruhlar) | Ориф | |
2011 | Şefkat Tepe | ||
2009 | Ömre bedel | Бакир | Нақши хурд |
2008 | Ҳомиён (Kollama) | Йигит | Нақши асосӣ |
2008 | İyilik Kervanı | Йигит | |
2008 | Küçük Kadınlar | Раҷаб | |
2005 | Beşinci Boyut | Фотеҳ Исмоил | Нақши хурд |
2004 | Arapsaçı | ||
2004 | Büyük Buluşma | Йилмаз/Онур | |
2003 | Hayat bilgisi | ||
2002 | Дунёи асрор (Sırlar Dünyası) | Исмоил | |
Филм | |||
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2015 | Manda yuvasi | ||
2011 | Hop Dedik: Deli Dumrul | Алперен | |
2010 | Bekle Beni | Лейтенант Милош |