
Quick Facts
Biography
Муҳаммад Осимӣ - олим, доктори илми фалсафа (1971), ходими давлатӣ, академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978), собиқ Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965-1988).
Зиндагинома
Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Муаллими калон, мудири кафедра, ноиби ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1946-1952), ректори ДПТ (ҳоло – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ (1956-1962), вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1962). Раиси Комитети назорати партиявӣ ва давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1962-1965). собиқ Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965-1988). Раиси Анҷумани «Пайванд» (1988-1996).
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт.
Осори илмӣ
- Асари барчастаи философияи марксистӣ (Дар бораи асари В. И. Ленин «Материализм и эмпириокритицизм|Материализм ва эмпириокритицизм»). - Душанбе, 1960;
- Материя ва тасвири физикии олам. - Душанбе, 1966;
- Русско-таджикский терминологический философский словарь. - Душанбе, 1966. [ҳаммуаллиф];
- Пайдоиш ва инкишофи таффакури фалсафӣ. - Душанбе, 1970.
- Возникновение и становление философского мышления. - Душанбе, 1970;
- Понятие материи и проблемы физической реальности (диссертатсияи докторӣ ). - М., 1971.
- Авиценна и мировая цивилизация // Народы Азии и Африки. 1980. № 5;
- Исторический прогресс социалистических наций. [ҳаммуаллиф]. - М., 1987.
Мукофоту ҷоизаҳо
- Бо ду ордени Ленин,
- ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- орденҳои Инқилоби Октябр,
- Ҷанги Ватании дараҷаи 1,
- Ситораи Сурх,
- «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои мудофиаи Ленинград»,
- «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
- «Барои меҳнати шоён».
- Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- «Сисолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
- «50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС»,
- «Чилсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
- «Ветерани меҳнат»,
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).
- Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980).
Нигаред
- Академияи илмҳои Тоҷикистон
Эзоҳ
Пайвандҳои беруна
- Краткая биография на сайте агентства «Asia-Plus»
- Историческая справка на сайте Архива РАН
- Сайт, посвящённый М. С. Асимову