Mavjuda Urunova
Quick Facts
Biography
Мавҷуда Ӯрунова — омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (1998), дотсент (2001). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2007).
Зиндагинома
Мавҷуда Ӯрунова 4 июни соли 1947 дар ш. Самарқанд чашм ба ыащон кушодааст. Дастпарвари мак. миёнаи № 53 (1965). Мавҷуда Ӯрунова фак. обтақсимкунӣ ва канализатсияи ИПТ (ҳоло – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимиро бо дипломи сурх хатм кардааст (1970). Ассис. кафедраи обтақсимкунӣ ва канализатсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ. Соли 1998 дар мавзӯи «Ҷойгиршавии иншоотҳои ҳифзи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Муаллифи 19 мақолаи илмӣ, 3 асару дастурамалҳои методӣ, аз ҷумла китоби дарсии «Бо об таъминкунӣ». Тӯли қариб 20 сол раиси Шӯрои занони ДТТ ба номи М. С. Осимӣ будааст. Феълан, дотсенти каф. обтаъминкунӣ ва обихроҷи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.