Mahamadali Muhammadiyev
Quick Facts
Biography
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев (10 март 1946, ноҳияи Дарвоз, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 7 январ 2021, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо. Узви Иттиҳодияи синамогарони ИҶШС (1982).
Зиндагинома
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10 марти соли 1946 дар деҳаи Хушарваки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти театру кинои Маскав (1971) аст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор карда, як силсила нақшҳо офаридааст.
Синамо
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои филмсозии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» («Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев басо ҷолибанд. ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҷоизаҳо
Барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ дар бахши синамо буд.
Даргузашт
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев субҳи 7 январи соли 2022, бар асари беморӣ дар сини 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Эзоҳ
Адабиёт
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.