Lola Taighunshoeva
Quick Facts
Biography
Лола Тайғуншоева (Лина Буллах; олмонӣ: Lina Bullach) — ҳунарпешаи синамои тоҷик.
Зиндагинома
Модари Лола олмонитабор буд. Лола Тайғуншоева ҳангоми воқеаҳои нобасомони солҳои навадум аввал ба шаҳри Москва (1992) ва, сипас, баҳори соли 1993, ҳамроҳи ҳамсараш Олег Фезов ва фарзандонаш ба Олмон кӯч бастанд. Алҳол Лола бо ҳамсару фарзандонаш дар замини шваби Олмон сукунат доранд.
Филмҳо
Лола Тайғуншоева дар ду филм нақши асосӣ офаридааст. Инҳо нақши Заррина дар филми бадеии телевизионии «Хобҳои апрелӣ» («Апрельские сны», таҳиягар Валерий Аҳадов, 1980) ва Нисо аз филми бадеии «Субҳи нахустини ҷавонӣ» («Юности первое утро», таҳиягар Давлат Худоназаров, 1979) мебошанд. Ҳамчунин Лола дар филми «Тири тилоӣ» («Золотая стрела», коргардон Сайидо Қурбонов,1980) нақши духтари камонварро бозидааст.