Kenjaeva Saodat
Quick Facts
Biography
Саодат Кенҷаева(Тав. 20.05.1937, ш. Сталинобод (ҳоло – Душанбе) – ваф. 29.07.2017, дар ҳамон ҷо) — омӯзгор. «Аълочии маорифи Тоҷикистон».
Зиндагинома
Саодат Кенҷаева 20 майи 1937 дар ш. Сталинобод ба дунё омадааст. Пас аз хатми мак. миёнаи № 7 ш. Сталинобод дар факултаи химияву биологияиДонишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст (1956–61). Муҳаррири хурди Нашр. Давл. Тоҷ. (ҳоло – «Ирфон», 1961–62), муаллими мактаби миёнаи № 7, ш. Душанбе (1963–66), дир. мак. ҳаштсолаи № 11 д. Галахонаи ҷамоати Лоҳури н. Ленин (ҳоло – Рӯдакӣ, 1967–68), директори мактаби ҳаштсолаи № 44 (1969–70), директори мактаби миёнаи № 61 (1971–76), директори мактаби миёнаи № 200 (1977–79), омӯзгори фанни химияву биол. мактаби ҳаштсолаи д. Харангони н. Ленин (1979–84). 6 маротиба депутати Совети меҳнаткашони н. Ленин интихоб шудааст. Дар замони директори мак. миёнаи № 200-уми н. Ленин буданаш ин мактаб бо ҷаҳду ҷадалаш ба мактаби намунавӣ табдил ёфта буд. Дар мактаб таълим ба се заб. – тоҷ., ӯзб. ва русӣ ба роҳ монда шуд. Дар бобатиба мактаб ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ ба ҳар ҳавлии д.-ҳои атроф на як бору ду бор сар халондааст. Намояндагони маорифӣ марказ (Москва)-ро барои тафтиш ағлаб ба ин мактаб меоварданд. Мактаби намунавӣ гашта саъю кӯшиш ва талошҳои директори мактаб бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Ветерани меҳнат» ва чандин Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.