peoplepill id: iso-abdurashidov
IA
Tajikistan
1 views today
1 views this week
Iso Abdurashidov
actor taxiquistanín (1947–2018)

Iso Abdurashidov

The basics

Quick Facts

Intro
actor taxiquistanín (1947–2018)
Gender
Male
Place of birth
Hamadoni District
Age
71 years
The details (from wikipedia)

Biography

Исо Абдурашидов (15 марти 1947, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб — 15 декабри 2018) — актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома

Хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 — 89) ва директори (1989—2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони ДДСТ ба номи М. Турсунзода.

Эҷодиёт

Театр

Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-и Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и СОЛИ Аюбӣ), гунг («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), Рустам («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомонӣ (намоиши оммавии театрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати 5-солагии истиқлолияти Тоҷикистон) ва ғайра намунае аз ролҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.

Синамо

Исо Абдурашидов дар филми «Воқеа дар фурудгоҳ», 1987

Исо Абдурашидов дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:

  • Азизбек («Воқеа дар аэропорт», реж. Ю. Юсупов),
  • лейтенанти калон («Қапқон барои шағолҳо», режиссёр Маҳмудов),
  • Саид оҳангар («Дарди ишқ»-и режиссёр АСРИ Тӯраев),
  • Абдураҳмонов («Маънии ҳаёт», «Ӯзбекфилм») ва ғайра.

Ба шаҳри Москва (1997), ҶИЭ (1999), шаҳри Бишкек (2004, 2005), Осетияи Шимолӣ (2001) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Узви Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон.

Даргузашт

Исо Абдурашидов шоми 15 декабр 2018 бар асари беморӣ дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Абдурашидов Исо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Iso Abdurashidov is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Iso Abdurashidov
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes