Gadoev Hamid
Quick Facts
Biography
Ҳамид Гадоев (12.10.1922, деҳаи Исфисори округи Хуҷанд — 23.9.2007, ҳамон ҷо) — таърихнигор, доктори илмҳои таърих (1978), профессор (1980), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷ. (1975).
Зиндагинома
Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1940) ва Ин-ти педагогии Душанбе (1944). Омӯзгори мактаби деҳоти Қатаған ва Исфисори Хуҷанд (1940-41), иштирокдори ҶБВ (1941-43), директори мактаби ноҳияи Чкалов (ҳоло ш. Чкалов, 1943-44) буд. Баъди хатми Мактаби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (1944-45) ва Мактаби олии Ҳизби коммунистии Маскав (1945-46) котиби КМ комсомоли Тоҷикистон (1946-49), мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбии рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон», ҷонишини аввали раиси ҷамъияти «Дониш» (1949-51), шунавандаи Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (1951-54), мудири бахши таблиғ ва роҳбари гурӯҳи лекторони КМ ҲК Тоҷикистон (1954-58), аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1958-60), муҳаррири рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (1960-64), мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқоти КМ ҲК Тоҷикистон, директори Ин-ти таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон (1971-88) буд. Аз соли 1961 вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷ. (даъватҳои 6-7). Муаллифи беш аз 50 асару мақолаи илмӣ-оммавӣ. Асарҳояш асосан ба тарғиби сиёсати давлатдорӣ ва дӯстии миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ғояҳои дӯстии миллатҳо бахшида шудаанд. Бо роҳбарии Г. 6 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Ҷоизаву орденҳо
Бо орденҳои Ситораи Сурх, Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷ. сарфароз гардидааст.
Осор
- Ленин — асосгузори давлати сермиллати советӣ. Д., 1960;
- Торжество ленинской национальной политики КПСС. Д., 1962;
- Сиёсати миллии ленинӣ дар амал. Д., 1969;
- В семьи единой и великой. Д., 1976.
Эзоҳ
Сарчашма
- Гадоев Ҳамид / Р. Юлдошев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.