Daler Imomali
Quick Facts
Biography
Далер Имомалӣ (зод. 28 июли 1988, ноҳияи Ҳисор) — коргардони филм, мустанадсоз, ҳунарпеша, рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои радиоӣ ва блогери тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
Далер Имомалӣ 28 июли 1988 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Мактаби кинотеатри хонагии «Дидор», Мактаби филмбардорони ҷавони «Тоҷикфилм» ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар соли 2013 хатм кардааст. Дар замони дар донишкада таҳсил доштан ба курсҳои махсуси кутоҳмуддати рӯзноманигорӣ ва мастерклассҳо низ мерафт.
Корнома
Рӯзноманигорӣ
Баъди хатми донишкада ҳеч яке театрҳо Далерро ба кор напазируфтанд. Баъдан ӯ сӯи радиои «Имрӯз» рафт ва оғоз ба фаъолияти расмии рӯзноманигорӣ кард. Аввалин барномааш дар ин радио лавҳаҳои гузоришии якдақиқаина буд ва минбаъд муҷрии барномаи табрикотии «Барои ҳам», барномаи таҳлилии «Ҳарфи шумо» ва чанде дигар аз барномаҳо то соли 2016 буд.
Далер Имомалӣ аз солҳои 2017—2021 дар радиои «Ватан» фаъолият карда ва муаллифи барномаҳои «Пресс-Клуб» ва «Шабдарав» ва дар замони ҳамагирии Covid-19 муаллифи лоиҳаи «Covid-19. Муҳоҷират. Ватан» буд.
Театр
Далер Имомалӣ узви Гурӯҳи театрии «Нигоҳи нав» ва яке аз мубтакирони Ҷашнвораи театрии «Нигоҳи нав» аст.
Филмҳои мустанад
- «Духтари Сайҳун» (Суғдсинамо, 2016)
- «Соҳибватан» (2017)
- «Умар-ако» (Суғдсинамо, 2019)
- «Кӯчаи Умед-612» (Суғдсинамо, 2020)
- «Шаҳре дар Театр» (2020)
- «Сулҳ мир тынчтык» (2021)
Ҷоизаҳо
- Ҷоизаи эътирофи ҷамъиятии «Шаҳрванди соли 2021»
- Барандаи ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО Тоҷикистон (2022).