Bako Sadykov
Quick Facts
Biography
Бақо Қодирович Содиқов – кинорежиссёри Синамои тоҷик, дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони СССР (1979).Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1993), Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (1988)
Зиндагинома
Факултаи режиссёрии Донишкадаи театриву-мусаввирии Тошкандро хатм кардааст (1967) ва курсҳои олии сенаристон ва режиссёрони Москваро (1978) хатм намудааст. Аз соли 1961 ба киностудияи “Узбеккфилм” дохил гардида дар нақши асосии филми “Панҷ нафар аз Фарғона” иштирок намудааст.
Аз соли 1967 то 1993 дар "Тоҷикфилм" ба ҳайси коргардон кор кардааст. Филмҳои таҳия намудаи ӯ:Гирдбод, Бухорои Шариф, Ҷосус, Ҷазира ва диг. Филмҳои ба навор гирифтаи Бақо Содиқов соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ шудааст. Аз соли 1993 дар Узбекистон истиқомат мекунад.
.
Мукофот
- Аввалин будан мушкил аст(филми ҳуҷҷатӣ). Филм Дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкои Лотинӣ, Тошкент (СССР, 1976).
- Адонис Х1У (филми ҳуҷҷатӣ). Филм Дорандаи ҷоизаи махсуси кинофестивали Мангейм (Олмон, 1986), Гран-при-и кинофестивали Берлини Ғарбӣ (1986), Гран-при-и кинофестивали Оденси (Дания, 1987); ҷоизаи махсуси кинофестивали 42 байналмилалии Канн (Фаронса, 1988).
- Гирдбод. Филм Дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии «Бастау» (Алма-Ата, 1989).