peoplepill id: azar-salim
AS
Tajikistan
4 views today
8 views this week
Azar Salim
Tajik poet

Azar Salim

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik poet
Work field
Gender
Male
Place of birth
Vose' District, Khatlon Province, Tajik Soviet Socialist Republic, Tajikistan
Age
56 years
Education
Kulyab State University
The details (from wikipedia)

Biography

Озар (Миралӣ Салимов; 13 декабри 1968, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 2003).

Зиндагинома

Озар Салим 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи № 9-ро хатм карда, солҳои 1987—1989 хидмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994—1997) сармутахассис буда, солҳои 1997—2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст. Соли 2008 котиби масъули бахши Қӯрғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷод

Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Маҷмӯъаҳои дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугӯйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд.

Осор

  • Ирфони ҳино. – Душанбе: Эҷод, 2006. – 112 с.
  • Гуфтугӯйи нахлу моҳ. – Душанбе: Истеъдод, 2010. – 100 с.

Эзоҳ

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Azar Salim is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Azar Salim
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes