peoplepill id: asam-sidqij
AS
Tajikistan
4 views today
4 views this week
Asam Sidqij
Tajik writer

Asam Sidqij

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik writer
Work field
Birth
Place of birth
Khujand, Sughd Province, Tajikistan
Place of death
Khujand, Sughd Province, Tajikistan
The details (from wikipedia)

Biography

Аъзам Сидқӣ (1927, ХуҷандХуҷанд) — нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1957), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома

Аъзам Сидқӣ 27 апрели соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аъзам Сидқӣ дар оғоз, то авоили солҳои 60-уми қарни 20 дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Хорпуштак» фаъолият дошт. Баъдан вай дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла раҳбарии театрҳои давлатии ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Солҳои 1977—1985 сарвари Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Дар соли 1995 вай сардабири маҷаллаи адабии «Хуҷанд» (ҳоло «Паёми Суғд») шуд ва то соли 2002 дар ин ҷо фаъолият мекард. Соли 2011 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

Дар соҳаи назму наср, очерку публитсистика ва драматургия хомафорсоӣ намудааст. Шеъру суруду манзумаҳои барои калонсолону наврасон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои «Ниҳоли орзу» (1957), «Каттача» (1957), «Дар сари кӯҳи баланд» (1961), «Телпакамро хунук хӯрд» (1965), «Олимҷон мактабхон шуд» (1966), «Баҳору лолаву ишқ» (1971) ва ғ. ба табъ расидаанд. Муаллифи силсилаи очеркҳои проблемавӣ ва портретӣ буда, ки машҳуртаринашон «Ҷӯра-саркор» (1957), «Фарзанди замон» (1962), «Раҳимбой Раҳматов» (1972), «Дар он солҳои пурошӯб» (1990) мебошанд, ки дар мавзӯъҳои ватандорию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу амният ва дӯстии халқҳо навишта шудаанд. Дар заминаи очерки «Ҷӯра-саркор» филми мусаннади бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки дар миёни мардум маҳбубияти тамоме пайдо кардааст.

Аксари асарҳои саҳнавии ӯ — «Иродаи зан» (1959), «Супориши ЧК» (1965), «Адои қарз» (1967), «Пароли нав» (1969), «Дилшод» (1975), «Шарораи муҳаббат» (1981), «Достони Самандар» (1981), «Сояи шайтон» (1983), «Захми сӯзон» (1984), «Адолат» (1993), «Камоли Хуҷандӣ» (1996), «Пайраҳаи зиндагӣ» (2003) ва ғ. дар театрҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Муаллифи романҳои «Оташ дар қабристон» (1972), «Ашку оташу ишқ» (манзум; 1977), «Дар олами сарсонӣ» (1985), «Пайраҳаи қисмат» (1997), «Ситораи ашк» (2000) ва «Тӯй болои тӯй» (2014) мебошад. Асарҳои ҷудогонааш ба забони русӣ ва дигар мардуми олам тарҷумаву чоп шудаанд. Навиштаҳои алоҳидаи В. Губарев, А.Мусатов, А. Ҳоҷиниёзов, С. Попович, П. Калдерон ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо

Бо медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1996). Ҳамчунин, дар соли 1996 вай унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро дарёфт кардааст..

Эзоҳ

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Menu Asam Sidqij

Basics

Introduction

Зиндагинома

Эҷодиёт

Ҷоизаҳо

Эзоҳ

Also Viewed

Lists
Asam Sidqij is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Asam Sidqij
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes