Amanollah Qaderov
Quick Facts
Biography
Амонулло Қодиров (10 июни 1945, ноҳияи Шаҳринав — 28 июни 2020, Душанбе) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1982), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) (1965) ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро (1971) ба поён расонда, зиёда аз сӣ сол актёри Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд. Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд.
Дар филмҳои тоҷикии «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» образҳои дурахшон офаридааст. Пайи дасташро дар бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизиони тоҷик гузошта, дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ иштирок намудааст.
Даргузашт
Амонулло Қодиров 28 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Эзоҳ
Адабиёт
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.