peoplepill id: afzal-shah-zarifzade
ASZ
Tajikistan
4 views today
4 views this week
Afzal Shah Zarifzade

Afzal Shah Zarifzade

The basics

Quick Facts

Work field
Gender
Male
Place of birth
Ilak, Qalaidasht Jamoat, Faizobod District, Tajikistan
Age
44 years
Family
Siblings:
Sarvar Zarifzade
Education
Tajik National University
Dushanbe, Tajik Soviet Socialist Republic, Tajikistan
(-2003)
The details (from wikipedia)

Biography

Афзалшоҳ Зарифзода (Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон, пештар Зарипов Авзалшо Қаҳрамонович; зод. 29 январ 1980, Элок, НТҶ) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (2009), дкотори илмҳои физика ва математика (2023).

Зиндагинома

Афзалшоҳ Зарифзода 29 январи соли 1980 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №11 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Корнома

Афзалшоҳ Зарифзода пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ба кор шурӯъ намуда, солҳои (2005—2007) дар назди ҳамин кафедра дар аспирантура таҳсил намудааст. Баъди хатми аспирантара дар вазифаи ассистенти ҳамин кафедра фаъолияташро давом дода, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии ДМТ ва аз соли 2015 то 2024 ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намудааст.

Соли 2023 дар мавзӯи "Назарияи молекулии равандҳои релаксатсионӣ, хосиятҳои динамкии часпакию чандирӣ ва акустикии моеъҳои магнитӣ" рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст

Молекулярная теория релаксационных процессов, динамических вязкоупругих и акустических свойств магнитных жидкостей

Аз 29 феврали соли 2024 директори Институти физикаву техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шудааст.

Фаъолияти илмӣ

Тадқиқоти илмии Афзалшоҳ Зарифзода ба назарияи молекулавӣ-кинетикии моеъҳои магнитӣ бахшида шуда, муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ ва китоби дарсии «Механикаи назариявӣ» мебошад.

Ӯ бо усули молекулавӣ-кинетикӣ системаи муодилаҳои гидродинамикаро бо назардошти майдони магнитии беруна барои моеъҳои магнитӣ тартиб дода, муодилаи Смолуховскийро барои зичии бинарии зарраҳои моеъи магнитӣ ҳосил намуда, ҳалли умумии онро ёфтааст.

Осор

  • Механикаи назариявӣ. — Душанбе: нашриёти ДМТ, 2013, 410 с. (китоби дарсӣ барои донишгоҳҳо).
  • Асосҳои таҳлили векторӣ ва ҳисобҳои тензорӣ
  • Ҳалли масъалаҳо аз физика

Эзоҳ

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Lists
Afzal Shah Zarifzade is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Credits
References and sources
Afzal Shah Zarifzade
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes