Abdulqadir Abdulqahhar
Quick Facts
Biography
Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович; тав. 15 декабри 1967, деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
Абдуқодир Талбаков 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии № 19-и зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1987—1989 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1995 Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаъолияташро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст:
- 1995—1998 — муҳаррири саридораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон;
- 1998—1999 — муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 1999—2001 — муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2001—2002 — сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2002 — муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2004 — шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2004—2005 — муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2006—2012 — директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2012—2014 — сарварии Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»;
- 2014—2015 — сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
- 2015—2023 — директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад. Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.
Ҷоизаҳо
Соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст.
Хонавода
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.
Эзоҳ
Пайвандҳо
- Абдуқодири Абдуқаҳор | TojNews. tojnews.org.