peoplepill id: abdulmajidi-bokhtari
AB
Russia Tajikistan
3 views today
3 views this week
Abdulmajidi Bokhtari
Tajik writer and poet

Abdulmajidi Bokhtari

The basics

Quick Facts

Intro
Tajik writer and poet
Gender
Male
Place of birth
Bokhtar, Tajikistan
Age
78 years
Education
Agricultural University of Tajikistan
(-1974)
The details (from wikipedia)

Biography

Абдулмаҷиди Бохтарӣ — сиёсатмадор, шоир, нависанда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ. Арбоби хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома

Абдулмаҷиди Бохтарӣ (Достиев Абдулмаҷид Салимович) 10 майи соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, соли 1965 мактаб-интернати №4 ноҳия, соли 1974 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, соли 1987 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба итмом расондааст. Аз декабри соли 1965 то декабри 1968 дар Округи ҳарбии «Приволжск» хизмати аскариро ба ҷой овардааст. Аз январи соли 1969 то майи ҳамон сол корманди колхози ба номи Ленини ноҳияи Қӯрғонтеппа, аз май то то август шунавандаи курси тайёрӣ, аз сентябр то марти соли 1974 донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, аз апрели 1974 то апрели 1976 корманди колхози номбурда, солҳои 1976-1977 сарагрономи раёсати кишоварзии Кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи Қӯрғонтеппа, солҳои 1977- 1980 инструктори Кумитаи ҳизби коммунисти Қӯрғонтеппа, аз март то августи 1980 муовини раис ва котиби озоди кумитаи ҳизбии колхози ба номи Ленин, аз августи ҳамон сол мудири шуъбаи кишоварзии Кумитаи ҳизбии шаҳр, солҳои 1980-1986 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Коммунистӣ (Бохтари ҳозира), солҳои 1987-1988 раиси Кумитаи назорати халқи ноҳия солҳои 1988-1992 раиси Кумиҷрояи Шӯрои вакилони халқи ноҳия, солҳои 1992-1995 муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ, солҳои 1995-2000 муовини якуми Раиси Маҷлиси Олӣ, солҳои 2000-2007 муовин ва муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, солҳои 1990-1995 вакили мардум дар Шӯрои Олӣ (даъвати 12), солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олӣ (даъвати якум), солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (даъвати дувум) ва солҳои 2005-2007 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати савум) аз соли 2007 то 2014 Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия будааст.

Эҷодиёт

Дар баробари пешбурди фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, осори манзуму мансуру публитсистӣ эҷод кардааст. Муаллифи китобҳои «Конститутсияи нав оинаи таҳаввулот дар Тоҷикистон» (Маскав, 1977), «Мавқеъ» (1999), «Ашки хома» (1999), «Конститутция Республики Таджикистан 1999 года. История разработки, принятия, внесение изменений и основные положения» (2001), «Ҳизби зодаи масъулият» (2000), «Аз худ натавон гурехтан» (2001), «Тоҷикистон – шикастанҳо ва бастанҳо» (2003), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва сабақҳои таърихии он» (2005), «Ваколати инсонӣ» (2005), «Ситораи ғолиб» (2006), «Раҳоварди зиндагӣ» (2007), «Таджикистан после распада СССР» (2007) ва ғ. мебошад.

Мукофот

  • Ордени «Исмоили Сомонӣ»;
  • Ордени «Дӯстӣ»;
  • Медалу ифтихорномаҳои Русия, Афғонистон ва Қирғизистон.

Сарчашма

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.60-61 ISBN 978-99947-2-379-9
The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.
Menu Abdulmajidi Bokhtari

Basics

Introduction

Зиндагинома

Эҷодиёт

Мукофот

Сарчашма

Lists

Also Viewed

Lists
Abdulmajidi Bokhtari is in following lists
comments so far.
Comments
From our partners
Sponsored
Abdulmajidi Bokhtari
arrow-left arrow-right instagram whatsapp myspace quora soundcloud spotify tumblr vk website youtube pandora tunein iheart itunes