Abdukarim Qosimov
Quick Facts
Biography
Абдукарим Қосимов (10 марти 1933, деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 19 октябри 1997, Тоҷикистон) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, муҳандис-обёр. Ирригатори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1984).
Зиндагинома
Абдукарим Қосимов 10 маоти 1933 дар деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1956 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
Солҳои 1956—1958 усто, прораб, прораби калони СМУ-и № 3 (ш. Ленинобод). 1959—1963 саринжинер, сардори Управленияи сохтмону монтажи № 22 (ш. Уротеппа), 1963—1971 сардори трести «Тоҷикцединсторой», 1971—1972 котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1972—1984 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон, 1984—1988 котиби партиявии вилояти Қурғонтеппа, 1988—1996 сардори иттиҳодияи сохтмонии «Таджикводстрой»-и Вазорати хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.
Аз 7.05.1996 —19.10.1997 директори Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотиии Комиссияи байналдавлатӣ оид ба рушду устувори Бунёди байналмилалии наҷоти Арал.
Вакилӣ
Дар съездҳои 16-20-уми ҲК Тоҷикистон аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11).
Мукофоту орденҳо
Лаурети мукофоти ленинӣ (1972). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Презедиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Гиромидошт
Пойгоҳи обкашии ноҳияи Зафаробод ба номи Абдукари Қосимов гузошта шуда, ҳамчунин осорхона-утоқи кории ӯ дар ин мавзеъ ташкил шудааст.
Осор
- Касимов А., Хамраев М. Развитие орошения земель Советского Таджикистана. — Д.: Ирфон, — 1985.
Эзоҳ
Пайвандҳо
- К 80-летию со дня рождения Заслуженного ирригатора Республики Таджикистан, Лауреата ленинской премии по освоению Голодной степи Касимова Абдукарима Касимовича. www.cawater-info.net.Секретариат МКВК (19 марти 2013).
Сарчашма
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.