Zikriallah Hakim

The basics

Quick Facts

A.K.A.Zikriolloh Hakimov Zikriallah Hakimov
A.K.A.Zikriolloh Hakimov Zikriallah Hakimov
PlacesTajikistan
isSinger Musician Composer Instrumentalist
Work fieldMusic
Gender
Male
Birth10 April 1969, Danghara District, Tajik Soviet Socialist Republic, Soviet Union, Tajikistan
Age55 years
Star signAries
Awards
заслужений артист Таджикистану2005
The details

Biography

Зикриоллоҳ Ҳакимов (Ҳакимов Зикриоллоҳ Нарзуллоевич; зод. 10 апрел 1969, ноҳияи Данғара) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

Зикриоллоҳ Ҳакимов хатмкардаи (1991) Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аст. Дар ансамбли халқии «Субҳи Данғара» ба сифати роҳбари бадеӣ фаъолияташро оғоз намуда, баъдан ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Дар ҳунараш равишу ҷустуҷӯи тоза эҳсос мегардад, сабку услуби мусиқии мардумиро бо тобишҳои ҷадид омезиш дода, бо лаҳни хос тараннум месозад."Ҷигарам хун шудаву дар талаби дармон аст", «Бозичаи қудрати Худоем ҳама», «Чашм ба роҳат», «Дардест дар ин дил», «Бишнав фиғонам», «Пайки сабо», «Дареғ», «Чу шамъ», «Аҳдат нашканӣ», «Мезебад», «Дари дил», «Шӯълаи чашм», «Чашмони сиёҳ», «Нури ду дида», «Видоъ», «Ёрам лаби бом», «Ба зери чарх», «Рав бевафо», «Зулфи мусалсал», «Ҷӯраҷон», «Боз борон», «Во дилам», «Ёдам кардӣ» беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Ба аксари сурудҳо худ оҳанг бастааст. Дар ҳавои оҳангҳои Зикриоллоҳ Ҳакимов дигар овозхонон таронаҳо месароянд. Зикриоллоҳ Ҳакимов дар барномоҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро идомаи мантиқии барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ», ки шоми 17 августи соли 2018 дар Тошканд баргузор шуда буд, бо ҳамроҳи 170 ҳунарманди тоҷик баромад кардааст..

Эзоҳ

Адабиёт

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
The contents of this page are sourced from Wikipedia article on 22 Aug 2024. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.