Biography
Lists
Also Viewed
Quick Facts
Biography
Муҳаммадрафи Кароматулло (14 январи 1986, Душанбе) — овозхон ва оҳангсози тоҷик. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (2021).
Зиндагинома
Муҳаммадрафи Кароматулло 14 январи соли 1986 дар оилаи овозхони номдори тоҷик Кароматуллои Қурбон ба дунё омадааст. Шӯҳрати Муҳаммадрафи Кароматулло аз солҳои 2006 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои Муҳаммадрафи Кароматулло дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Муҳаммадрафи роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳараш Нозияи Кароматуллоҳ узви ин ансамбл мебошанд.
Муҳаммадрафии Кароматулло аз соли 2006 инҷониб бо муҳандиси садо Олим Ширинов («JC Records Studio») ҳамкорӣ дорад, ки беш аз 100 таронаи ӯро сабт кардааст.
Ҷоизаҳо
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июл 2021 №213, Муҳаммадрафи Кароматулло бо унвони фаҳрии «Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз шудаст..
Пайвандҳо
- Муҳаммадрофеъ: Дуэти ману Юлдуз Усмонова аз дигарон фарқ дорад
- http://tajikistantimes.com/tajikistan/karomatullo-i-urbonro-k-kusht/(пайванди дастнорас)
- Ба истиқболи 55-солагии сарояндаи нотакрор Кароматулло Қурбонов
- Хайрбод. Гузориш аз маҳалли қатли Кароматуллоҳи Қурбон баъди 25 сол.