Lutfullo Davlat

The basics

Quick Facts

PlacesTajikistan
isActor Stage actor Film actor
Work fieldFilm, TV, Stage & Radio
Gender
Male
Birth2 April 1958, Temurmalik District, Tajikistan
Age66 years
Star signAries
The details

Biography

Лутфулло Давлатзода (Давлатов Лутфулло Саъдуллоевич; 2 апрели 1958, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расонда, муддате дар Театри драмаи мусиқии ш. Конибодом кор кардааст. Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, солҳои 2004—2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Теле­ви­зони Тоҷикис­тон, солҳои 2010—2015 ТВ Сафина ва аз соли 2015 директори Театри Лоҳутӣ мебошад.

Театр

Дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб зиёд офаридааст. Спектаклҳои «Найи сеҳрнок», «Вопасин арӯси Амир­алмӯъ­минин», «Фарзанди Осиё», «Ҷияни хира», «Нахи печида», «Эдип», «Фарёди ишқ», «Дод аз дасти ақл», «Дохунда» ва ғайраҳо бо ҳунараш рангу бӯ гирифтаанд, маҳораташ дар спектаклҳои телевизионии «Курсии сеҳрнок», «Зани оҳанин», «Дуздӣ», «Ҳайкал», «Аноӣ», филм — спектакли «Ғуруб» ва ғайра зуҳур кардааст. Ҳунарашро дар филмҳои бадеию телевизионии «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» «Беҳуда хорам мекунӣ» ва ғайра нишон додааст. Истеъдоди хуби сарояндагӣ ҳам дорад. «Аз ғамат ай нозанин», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистонро нигоҳ дор» барин суруд­ҳоро ҳаводорон хуш пазируфтаанд.

Ҷоизаҳо

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.


The contents of this page are sourced from Wikipedia article on 16 Apr 2024. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.