Kamolova Bonu

Tajikistani painter
The basics

Quick Facts

IntroTajikistani painter
PlacesTajikistan
isPainter
Work fieldArts
Gender
Female
Birth15 May 1985, Dushanbe, Tajikistan
Age39 years
Star signTaurus
Education
Tajikistan National Institute of Art(2008—2013)
The details

Biography

Бону Олимовна Камолова (Тав. 15.05.1985, ш. Душанбе) — рассоми моделсоз. Узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (аз с. 2011).

Зиндагинома

Дар шуъбаи рассоми моделсози Колеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (2001–2005), дар факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил намудааст (2008–2013). Муаллими графикаи коммутарии Маркази рассомии минётураи «Мино» – Клуби ЮНЕСКО (2009–2012). Аз с. 2010 – маъмури ташкилоти ҷамъиятии Маркази рассомии минётураи «Мино» – Клуби ЮНЕСКО (ҳоло – устохонаи хусусии «Дом Мино Миниатюр» – Клуб ЮНЕСКО), ҳамзамон аз соли 2005 мусаввари ғайриштатии нашриёти «Адиб»-и ш. Душанбе.

Эҷодиёт

Муаллифи мусаввараҳои «Таркиши бузург» (2011), «Пегас» (2012), муҳрабофии «Гунҷишкак», «Флора ва Фауна», «Каҳкашон», «Фарзанди Посейдон», «Шоҳпаракҳо», мусаввараҳои сиёҳқалами кит. «Ҷаноби Донгуо ва гург» (2005), «Гули қоқу»-и Бобо Ҳоҷӣ («Адиб», Д., 2011), «Дарси ҳаёт» -и Тоҷинисо Рауфова (Д., 2014), «Гамбусаки сахӣ»-и Латофат Кенҷаева (Д., 2014), «Садбарг»-и Гулнисо Ризвоншоева (Д., 2014), «Ҳадяи Қаратоғ» (маҷмӯаи пиесаҳо, «Адиб», Д., 2006), мусаввараҳои маҷ. «Чигӯяк» (2005-06), мусаввара барои созмони ЮНИСЕФ дар китобхонаи Оғохон (2007) ва ғ. Иштир. бисёр озмунҳо, аз ҷумла озмунҳои «Устоди ҳунар», «Мактаби тобистона» (Иссиқкӯл, Бишкек, 2012), «Мусаввараи беҳин» аз маҷмӯаи расмҳои «Ҳаёти мӯрчагон», Хомаи Япония (2004). Иштирокдори Фестивали 1-уми байналмилалии ҷавонони соҳибистеъдод (Исфаҳон, Эрон, 2011), Фестивали умумиҷаҳонии кӯдакон дар майдони парки Нэшнл Мол (Вашингтон, ИМА, 2011). Баъзе асарҳояш дар коллексияҳои шахсии мухлисони Франсия, Ҳиндустон, Япония ва Англия маҳфузанд. Бо ҷоизаи ҳавасмандкунанда барои тасвири беҳини логотипи интернет-сервиси провайдери «Cybernet»-и Ширкати телекоммуникатсияи «BABILON-T» сарфароз гардонида шудааст (2005).

Эзоҳ

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
The contents of this page are sourced from Wikipedia article on 09 Apr 2020. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.