Barzou Abdourazzoqov

The basics

Quick Facts

PlacesTajikistan
isTheater professional Writer Playwright Theatre director
Work fieldArts Film, TV, Stage & Radio Literature
Gender
Male
Birth19 September 1959, Dushanbe, Tajik Soviet Socialist Republic
Age65 years
The details

Biography

Барзу Абдураззоқов — коргардони саршиноси тоҷик.

Зиндагинома

Барзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар ш.Душанбе дар оилаи ҳунарпешаҳои машҳури театру кинои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Шавқи театр аз хурдсоли дар батни ӯ парварида шудааст. Барзу баъди хатми мактаб дар шӯъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил намуда онро соли 1980 хатм намудааст. Сипас солҳои 1980-1987 дар шӯъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии ш. Москва (ГИТИС) таҳсилашро давом додааст. Барзу Абдураззоқов зиёда аз 50 намоишномаҳои гуногунро дар саҳнахои театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия пешкаши тамошобинон намудааст. Яке аз коргардонҳои тозаэҷодкори театр ва ба воқеъияти ҳаёти ҷомеаи муосир бемуболиға мебошад. Соли 2001 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст.

Аз хабари АМИТ «Ховар»

Коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар театри «Учур» - и пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон - шаҳри Бишкек асарҳои нави саҳнавиро пешкаши тамошобинон мегардонад. Вай, аз ҷумла, дар ин ҷо намоишномаи «Зери садои чархҳои трамвай» - ро ба саҳна мегузорад, ки муаллифи он драмнависи кинои ҷопонӣ Окира Куросава мебошад.

Манбаъ

The contents of this page are sourced from Wikipedia article. The contents are available under the CC BY-SA 4.0 license.